
Ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» кӯмак мекунанд, ки бо баъзе нозукиҳо ҳангоми ба даст овардани манзил дар бинои навсохт сарфаҳм равед.
Муаллиф: СҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»
Ҳоло дар бозори амволи ғайриманқул пастравии нархи метри истиқоматӣ дар биноҳои навсохт ба назар мерасад. Ба андешаи мутахассисон, ин бо омилҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба пандемияи коронавируси COVID-19 алоқаманд аст.
Пастравии нарх кӯтоҳмуддат хоҳад буд ё кашол, инро, албатта, вақт нишон медиҳад.
Дар ин миён ҳуқуқшиносони Созмони ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» қарор доданд, ки кӯмак кунанд бо баъзе нозукиҳо ва ҳатто фиребҳои эҳтимолӣ ҳангоми ба даст овардани манзил дар бинои навсохт сарфаҳм раванд.
№1 Google ба шумо кӯмак
Харидани ҳар амволи ғайриманқул ҳамеша бо хароҷоти пулӣ ва хатарҳо алоқаманд аст. Дар тамоми Тоҷикистон ҳоло сохтмони объектҳои нави истиқоматӣ идома дорад.
Ба андешаи як қатор мутахассисон, дар чанд моҳи охир нархи манзил паст шуд ва ба ин сабабҳои зиёд ҳаст. Аз ҷумла коршиносон болоравии қурби асъори амрикоиро нисбат ба сомонии тоҷик, пастшавии талабот ва афзоиши пешниҳодҳоро дар бозори амволи ғайриманқул ва бисёр чизи дигарро қайд мекунанд ва ҳамаи ин ба ин ё он тарз бо пандемияи коронавируси COVID-19 алоқаманд аст.
Агар шумо қарор дода бошед, ки манзил ба даст оред, бозори амволи ғайриманқул пур аз пешниҳодҳост. Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ, расман 2113 ширкати сохтмонӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳаштоди онҳо - хориҷӣ. Қисми зиёди онҳо манбаъҳои интернетии худро доранд, ки дар онҳо ҳадди аксари маълумот на танҳо дар бораи худи ширкат, балки дар бораи объектҳои бунёдшаванда ва лоиҳаҳои муваффақ ҷойгир карда шудааст.
Ҷустуҷӯро бояд маҳз аз веб-манбаъҳо оғоз кард. Мутаносибан ҳар кас имкониятҳои муайяни молиявӣ, завқ оид ба ноҳияи ҷойгиршавии манзил, ошёнадорӣ ва навъро дорад. Бешубҳа, ҷустуҷӯи худро шумо бо назардошти имкониятҳои худ оғоз мекунед. Агар шумо тамоми маълумоти пурраро наёфта бошед, дар сайти ширкат тамосҳои машваратчӣ ҷойгир карда шудаанд, ки ба ӯ саволҳои шуморо дармиёнгузошта метавонед.
Муҳим: Дар навбати аввал, бояд ба мӯҳлати ба истифода додани объекти бунёдшаванда диққат дод. Мӯҳлатҳо, албатта, аз бисёр омилҳо вобастаанд, аммо аз ҳама асосиаш навъ ва технологияи сохтмон аст. Бо ин маълумот шинос шуда, шумо мефаҳмед, ки оё ин бинои навсохт ба шумо мувофиқ аст. Фаромӯш накунед, ки оид ба инфрасохтори оянда, ҷойгиршавии объектҳои иҷтимоию маишӣ, ки ба нақшаи сохтмон дохил шудаанд, пурсон шавед.
Ба ҳисоби миёна, хонаҳои панелӣ дар ҳудуди якуним сол сохта мешаванд, каркасӣ - каме зиёда аз ду сол, «сохтмони дароз» бошад - ин хонаҳои хиштӣ ҳастанд, сохтмони онҳо беш аз се сол идома меёбад, амалан ин навъ дар сохтмони манзили Тоҷикистон қариб истифода намешавад.
№2 Иктишоф бо ҷанг
Агар тамоми маълумоти гирифташуда барои шумо мувофиқ бошад ва шумо аллакай дар бораи шароити иҷтимоии тахминӣ тасаввурот дошта бошед, он гоҳ бо итминон рафта, бо чашмони худ ҷойи бинои навсохти ояндаро дидан мумкин аст. Дар ноҳия қадам занед, бо сокинони хонаҳои наздики ноҳия сӯҳбат кунед…
Ва аллакай аз рӯи натиҷаҳои дидаатон шумо метавонед ҳамаи инро бо маълумоти дар сайт ё аз гуфтаи машваратчии ширкат гирифташуда муқоиса кунед. Комилан имконпазир аст, ки пас аз дидани дар ҷой шумо фикри худро тағйир диҳед ва ҷустуҷӯро идома диҳед.
№3 Оё интихоб хоҳад буд?
Агар хоҳиш бо имкониятҳо мувофиқ ояд, он гоҳ дар байни пешниҳодҳои сохтмончӣ варианти барои шумо мувофиқ ҳам ёфт шуданаш мумкин. Аммо тарафи дигари тангаи медал ҳам ҳаст – оё сохтмончӣ ба шумо интихоб пешниҳод мекунад?
Аксаран сохтмончиён манзилҳоро бе деворчаҳои байниҳуҷравӣ пешниҳод мекунанд. Дар оянда ин ба шумо имкон медиҳад, ки қобилиятҳои дизайнерии худро зоҳир кунед. Ва кам нест, ки ин лаҳзаро низ равшан кунед…
Муҳим: Ҳангоми интихоби нақша муҳим аст ба ҷойгиршавии ошхона ва ҳоҷатхона диққат дод, оё дар манзил лоҷия (балкони сарпӯшида) ё балкони кушод хоҳад буд. Равшан кунед, ки даромадгоҳ (прихожая) чӣ масоҳат хоҳад дошт…
№4 Сохтмончиён – кӣ кист?
Дар оғоз мо гуфтем, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор ширкати сохтмонӣ кор мекунад ва нақши камро барои оромии шумо обрӯи мусбати сохтмончӣ ва пудратчӣ мебозад. Зеро шумо лозим меояд, ки бо онҳо дар тӯли тамоми вақти сохтмон сару кор дошта бошед.
Агар шумо ба интихоби мушаххас таваққуф карда бошед, боз як бор ба сайти ширкати сохтмончӣ дароед ва тамоми маълумотро дар бораи хонаи бунёдшаванда, сохтмончӣ ва ҳуҷҷатгузории он бодиққат омӯзед.
Тибқи қонунгузорӣ, ки сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла баландро танзим мекунад, ширкати сохтмончӣ бояд ҳатман ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:
- оиннома;
- шаҳодатнома дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ;
- иқтибос аз феҳристи Равзанаи ягона;
- иҷозатнома барои фаъолияти сохтмонӣ ва ғ.
Албатта, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро на ҳамаи сохтмончиён дар сайтҳои худ ҷойгир мекунанд, аммо худи лоиҳа ва иҷозат барои сохтмонро ба дастрасии кушод аксарият мегузоранд.
Тибқи меъёрҳои м.85 Кодекси шаҳрсозии ҶТ, пудратчӣ ӯҳдадор аст эълонро дар бораи объекти дар ҳоли сохтшаванда бо нишон додани маълумот дар бораи фармоишгар ё пудратчии объект, оғоз ва анҷоми сохтмон ва дигар маълумоти зарурӣ дар ҷои намоён ва дастрас ҷойгир намояд.
Дар баробари ин, мутобиқи меъёрҳои ин моддаи КШ ҶТ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва мақоми маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд, ки дар назди аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ, баррасии ҷамъиятии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, ташкили системаи намоишҳо, намоишгоҳҳо ва гузаронидани дигар чорабиниҳо ҳисобот диҳанд.
№5 Сайти ширкати сохтмончӣ
Ба маълумоти дар сайти ширкат ҷойгиршуда диққат диҳед. Агар шумо маълумоти зариро дар сайт наёфта бошед, бо телефон ба машваратчӣ муроҷиат кунед. Метавонед бо итминон хоҳиш кунед, ки маълумоти ба шумо лозимаро ба Email-и шумо фиристанд.
Муҳим: Диққат диҳед, ки чанд вақт пеш маълумот дар сайт нав карда шудааст. Ҳоло бисёр сохтмончиён ҷойгир кардани акс ва ҳисоботҳои видеоиро аз майдончаи сохтмонӣ амалӣ мекунанд. Агар навсозии охирин на чандон вақт пеш буда бошад, ин шаҳодат медиҳад, ки сохтмончӣ ӯҳдадориҳои худро дар назди муштарӣ иҷро мекунад.
№6 Таърихи муваффақият ва обрӯи ширкат
Шумо ҳама чизро дар сайти ширкати сохтмонӣ пурра аз ҳар тараф омӯхтед ва акнун ба шумо лозим аст, ки бо таърихи ширкати сохтмончӣ ва обрӯи он шинос шавед. Ва боз барои оғоз аз интернет истифода баред ва шумо ҳама ё қариб ҳамаро меёбед - аз санаи таъсиси ширкат то шарҳҳои харидорони манзил.
Муҳим: Диққат диҳед, ки оё объектҳои пешина дар мӯҳлат супорида мешуданд ё не, беҳтараш танбалӣ накунед ва ба ҷой равед, сифати сохтмонро арзёбӣ кунед ва оид ба таассуроти соҳибони манзилҳо пурсон шавед.
Форумҳоро боздид кунед ва шарҳҳоро дар бораи сохтмончӣ бинед. Аммо ба ҳамаи шарҳҳо, хоҳ манфӣ ё баръакс ситоишию шавқовар, бовар кардан ба маврид нест. Шарҳҳоро бо шарҳҳои сокинони воқеӣ, ки бо онҳо сӯҳбат карда тавонистед, муқоиса кунед.
№7 Маблағгузории сохтмон ва нақшаи пардохт
Ширкатҳои сохтмонӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ метавонанд манбаъҳои гуногуни маблағгузориро истифода баранд. Ин метавонад маблағҳои кредитии ширкат ё маблағҳои шаҳрвандон бошанд - дар асоси «иштироки саҳмӣ» дар сохтмон ё харидани манзил бо пардохти қисм-қисм.
№8 Шартномаи «долёвка» (иштироки саҳмӣ)
Агар шумо ба варианти иштироки саҳмӣ дар сохтмон таваққуф карда бошед, он гоҳ ба шумо лозим аст, ки ба офиси сохтмончӣ оед ва, дар навбати аввал, шартҳои харидро муҳокима кунед ва ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат кард. Бастани шартномаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дуруст - кафолати гирифтани метри истиқоматии интизориаст.
Ҳатман то имзо нусхаи шартномаи иштироки саҳмиро ба даст оред, онро ба хона баред ва дар фазои ором муфассал омӯзед. Агар дар назди шумо шубҳаҳо пайдо шуда бошанд ё боварӣ надошта бошед, метавонед барои машварат ба ҳуқуқшиносон, аз ҷумла ба СҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» муроҷиат кунед, ки дар он ҷо ба шумо кӯмак мекунанд, ки бо ҳамаи тафсилот сарфаҳм равед.
Муҳим: Ба нуктаҳои зерини шартнома диққат диҳед: мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо, арзиши манзил, андоза ва тартиби ворид кардани пардохт, тартиби қабул-супоридани манзил, тартиби пардохти пеш аз мӯҳлати маблағҳо, асосҳои бекор кардани шартнома, тартиби баргардонидани пул дар сурати иҷро нашудани ӯҳдадориҳои тарафҳо ё бекор кардани пеш аз мӯҳлати шартнома ва ғ.
№9 Дар интизори калидҳои манзил
Шумо шартнома бастед ва акнун навбати интизорӣ ва сайрҳои ҳарҳафтаина ба хонаи ояндаи худ расид. Чанд вақте бо мақсади риояи техникаи бехатарӣ шуморо ба паси «иҳотаи сабз»-и майдончаи сохтмонӣ намонданашон мумкин.
Дар марҳилаҳои охири сохтмон бо вуҷуди ин ба шумо дастрасӣ медиҳанд ва прораб (сарпарасти кор), ки бо ӯ аллакай шинос шуданатон мерасад, ба шумо иҷозат медиҳад, ки даромадгоҳ ва манзили нави худро бинед. Дар тӯли ин сайрҳо шумо метавонед бо ҳамсоягони оянда шинос шавед, ки бо онҳо бешубҳа дар мессенҷерҳо ба гурӯҳ муттаҳид мешавед, то якҷоя баъзе масъалаҳоро ҳал кунед.
Боз ҳам, вақти интизории сохтмон - ин вақт барои коркарди дизайни манзил ва интихоби масолеҳи сохтмонӣ аст.
Манбаъ: Asia-Plus