
Бо мақсади рушди бозори тамаддунии манзил дар асоси заминаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ, ҳамчунин таъсиси системаи стандартҳои касбӣ барои иштирокчиёни он, васеъ намудани имкониятҳо дар рушди касбӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми риелтор, ҳамчунин соҳибони манзили тиҷоратӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ - қарор оид ба таъсиси Ассотсиатсияи риелторҳо ва соҳибони манзили Тоҷикистон қабул карда шуд.
26 ноябри соли 2022 дар толори конфронсии КВД «Дипсервис» маҷлиси муассисони Ассотсиатсияи риелторҳо ва соҳибони манзили Тоҷикистон баргузор гардид. Ташаббускори ин маҷлис Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва риелторҳои бузург, ки фаъолияти худро расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд, шуданд.
Дар маҷлис ҳамчунин ҳузур доштанд: Хайруллоев Абдулло - директори генералии КВД «Дипсервис», Забиров Некрӯй – сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибов Давлат – намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авезова М – директори портали Somon.tj , Тоҷиев Алишер – менеҷери иҷроияи Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон.
Аввалин сухани ифтитоҳӣ ба Хайруллов Абдулло дода шуд, ки аҳамияти баланд бардоштани сифати пешниҳоди хидматҳои риелторӣ дар сатҳи баланд ва пеш бурдани фаъолияти расмӣ бо пардохти андоз ва боҷҳоро ба манфиати рушд ва ободии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид кард.
Ҳабибов Давлат, дар суханронии худ қайд кард, ки таъсис ва марказонидани пешниҳоди хидматҳои риелторҳо дар сатҳи олӣ ба пешгирии нофаҳмиҳо ва шарҳҳои манфӣ аз ҷониби меҳмонони кишвар, ки ба таври кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат ба Тоҷикистон меоянд, кӯмак мекунад.
Ҳамчунин фикру пешниҳодҳои иштирокчиёни маҷлис, як қатор шахсони хусусие, ки бо пешниҳоди хидмати босифати кирояи манзил машғуланд, намояндаи SK Estate, коршиносони мустақил ва арбобони ҷамъиятӣ, намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ аз минтақаҳои Тоҷикистон шунида шуданд.
Дар маҷлис аъзои Раёсати Ассотсиатсияи таъсисшаванда, Раиси Раёсат, мақоми иҷроия, директори иҷроия, аъзои Комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд ва ба онҳо ваколатҳои дахлдор дода шуд.
Узвият дар Ассотсиатсия чӣ медиҳад:
- Ворид кардан ба пойгоҳи ширкатҳои сертификатсияшуда ва мутахассисони аттестатсияшудаи бозори манзили тоҷик;
- Алоқа бо шарикони нави миллӣ ва хориҷии корӣ, истифодаи пешниҳодҳои эксклюзивии шарикӣ;
- Машварат ва гирифтани иттилоот оид ба ҳама гуна масъалаҳои бозори манзили Тоҷикистон;
- Имконияти иштироки имтиёзнок дар ҳамаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи риелторҳо ва соҳибони манзили Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
Муаллиф - Азиз Холматов, директори тиҷоратии Хонаи Нав