Вохӯрии роҳбарони БДА ҶТ Амонатбонк, Ассотсиатсияи бунёдкорон ва ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарони БДА ҶТ Амонатбонк, Ассотсиатсияи бунёдкорон ва ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон

02 декабри соли 2022 вохӯрии корӣ – машварати роҳбарони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», дар симои Раиси Раёсат Сирочиддин Икромӣ; Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, дар симои Раиси Раёсат Музаффар Исаков, ҳамчунин 40 роҳбари ширкатҳои пешбари сохтмонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Рӯзномаи асосии вохӯрии гузаронидашуда муҳокимаи имкониятҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ва дархостҳои ширкатҳои сохтмонӣ дар қисмати зерин буд:

1. Кушодани хатҳои кредитӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ бо таъиноти мақсаднок барои бунёди маҷмааҳои бисёрошёнаи савдо – истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе;

2. Ба расмият даровардани тасдиқҳои бонкӣ, зоминиҳо ва кафолатҳои БДА ҶТ «Амонатбонк», ки барои ба расмият даровардани Раёсати асосии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, ҳуҷҷатҳои пешакии зарурӣ барои қабули Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозат барои лоиҳакашӣ ва сохтмони хонаҳои бисёрошёна, дар доираи Тартиби таҳияшуда ва тасдиқшудаи ба расмият даровардани рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба расмият даровардани иҷозатҳо барои лоиҳакашӣ ва сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар шаҳри Душанбе зарур мебошанд, аз ҷумла:

2.1. Кушодани хатҳои кредитӣ ба маблағи аз 20 то 30% аз арзиши пешакии лоиҳавию сметавии объектҳои сохтмонӣ, ки дар асоси Қарорҳои қабулшавандаи Раиси шаҳри Душанбе бояд сохта шаванд;

2.2. Ба расмият даровардани кафолатҳои бонкӣ ба маблағи аз 5% аз арзиши пешакии лоиҳавию сметавии объектҳои сохтмонӣ, ки дар асоси Қарорҳои қабулшавандаи Раиси шаҳри Душанбе бояд сохта шаванд;

3. Таҳия ва тасдиқи барномаи махсуси мақсадноки кредитдиҳии ипотекии шаҳрвандон ва соҳибкороне, ки ба ба даст овардани манзилҳо, ҳуҷраҳои савдо ва маъмурӣ дар объектҳои аллакай сохташуда (тайёр) ва/ё дар марҳилаи сохтмон қарордошта дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон манфиатдоранд.

Маълумоти муфассал дар бораи вохӯрии гузаронидашуда ва қарорҳои қабулшударо метавон ба даст овард дар:

- сайти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» https://www.amonatbonk.tj
дар шабакаи иҷтимоии Facebook https://www.facebook.com/AMONATBANK.TJ
ё бо телефонҳо: 1885 барои зангҳои дохили Тоҷикистон, +992 (44) 600-00-34 барои зангҳо аз ҳар нуқтаи ҷаҳон;

- ҳамчунин дар Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон тавассути WhatsApp ё Telegram бо рақамҳо: +992 10-044-66-66, +992 55-223-66-66, ё бо гузаштан аз истинод дар шабакаи иҷтимоии Facebook;

- ё дар портали махсуси иттилоотии Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон оид ба фурӯши биноҳои навсохт  дар Тоҷикистон http://www.khonainav.com/

Бозбинҳо: 2256
Мақола ба шумо писанд омад?