
1 декабри соли 2024 дар ҳудуди меҳмонхонаи HYATT REGENCY ярмаркаи 1-уми хайриявии «Вақти Мӯъҷизаҳо» баргузор мегардад, ки дар он кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла: кӯдакони ятим, кӯдакони маъюб, кӯдакони дорои бемориҳои онкологӣ, кӯдакони ҳамзистбо ВИЧ ва кӯдаконе, ки дар шароити мураккаби ҳаётӣ зиндагӣ мекунанд, корҳои эҷодии худро пешниҳод мекунанд.
«Вақти мӯъҷизаҳо» — ин яке аз майдончаҳои пешсаф дар Осиёи Марказӣ аст, ки самаранокии инклюзияро дар ҳаёти ҳаррӯза мусбат намоиш медиҳад, масъалаи самтгирии касбии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва иҷтимоигардонии онҳоро бардошта мекунад.
Ярмаркаи хайриявии «Вақти мӯъҷизаҳо» дар Тоҷикистон бори аввал аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори ихтиёриён ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор мегардад, ки идомаи он таъсиси соли 2024 СҒД «Ассотсиатсияи ташкилотҳои ихтиёрии Тоҷикистон» гардид.

Хусусияти муҳими фарқкунандаи имсол иштироки коршиносоне мегардад, ки дар мавзӯи инклюзия ва бебаръериат аз Ӯзбекистон тахассус доранд, ки дар тӯли 23 сол ин майдонча амал мекунад ва дар ин самт дастовардҳои бузург дорад, ба мавзӯи сайёҳии бебаръер диққати алоҳида дода мешавад, ҳамчунин ба баланд бардоштани масъулияти экологӣ, оммавигардонии дониш дар бораи ҳифзи экосистемаҳо ва муносибати ғамхорона бо табиат. Лоиҳа ҳамчунин вохӯриҳои ҳавасмандкунанда ва мусоҳибаҳои видеоиро дар бар мегирад, ки ба баланд бардоштани таваҷҷӯҳ ба мавқеи фаъоли ҳаётии кӯдакон ва ҷавонони маъюб нигаронида шудаанд.
Дар ярмарка зиёда аз 100 ихтиёрӣ ва зиёда аз 25 ташкилот иштирок мекунанд, ки барномаҳои маҷмавиро амалӣ мекунанд, ки ба манфиати кӯдакони маъюб, мактаб-интернатҳои махсус, хонаҳои кӯдакон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд. 200 кӯдак — иштирокчӣ ба аудитория зиёда аз 3000 кор, ба монанди: расмҳо, кортпостаҳо, бозичаҳои нарм, маснуоти зардӯзӣ, батик, маснуот аз бисер, аппликатсия, гулдӯзӣ, ороишҳо ва бисёр чизи дигарро пешниҳод мекунанд.
Дар вақти ярмарка майдончаҳо бо мастер-классҳо ташкил карда мешаванд, ки самтҳои касбӣ ва унсурҳои психологиро ошкор мекунанд.
Ҳамаи маблағҳои дар намоишгоҳ ҷамъшуда ба ташкилотҳои иштирокчӣ барои кори минбаъда оид ба рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакон супорида мешаванд.
Вуруд ба ярмарка озод аст.
Иштирок дар мастер-классҳо ройгон аст.