Чӣ гуна шишапакетҳои энергиясарфакунандаро аз оддӣ фарқ кардан мумкин аст?

Чӣ гуна шишапакетҳои энергиясарфакунандаро аз оддӣ фарқ кардан мумкин аст?

Дар соли 2024 насби стеклопакетҳои (равзанаҳои дуқабатаи) энергиясарфакунанда дар минтақаҳои сарди кишвари мо ҳалли стандартӣ мебошад. Ин стеклопакетҳо аз муқаррарӣ бо рӯйпошии (напыление) махсус фарқ мекунанд, ки қисме аз нурафкании инфрасурх (гармӣ)-ро дубора ба манзил инъикос мекунад. Ҳамин тариқ онҳо хароҷоти шуморо барои гармидиҳӣ кам мекунанд. 

Аммо агар шумо насби чунин равзанаро фармоиш дода бошед, чӣ гуна санҷед, ки шуморо фиреб надоданд ва шишаҳои муқаррариро, бе рӯйпошии махсус, нагузоштанд? Зеро аз берун онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ фарқ намекунанд! 

Ҳама хеле содда аст – ба равзанаи худ алангаро (зажигалка) ё шамъи фурӯзонро наздик кунед ва ба инъикосҳое, ки дар шиша пайдо шуданд, бодиққат нигаред. Агар ба шиша рӯйпошии энергиясарфакунанда зада шуда бошад, он гоҳ яке аз инъикосҳои аланга ранги сурхи равшан хоҳад дошт. Агар "шишаи бисёрфунксионалӣ" гузошта шуда бошад, он гоҳ ду инъикос рангро иваз мекунанд.

Босифаттарин ва боэътимодтарин стеклопакетҳоро Хонаи Нав тавсия медиҳад - Шоуруми расмии Akfa Tajikistan рақами телефон: +992918645452

Бозбинҳо: 723
Мақола ба шумо писанд омад?