
Студияи дизайни меъморӣ ва дизайни интерьери IZZI.DESS якҷоя бо платформаи ҷустуҷӯи манзил дар биноҳои навсохти Душанбе Хонаи Нав бо дастгирии гурӯҳи ширкатҳои FoodMaster, Академияи таҳсилоти STEEM «Империяи Дониш», Питсерияи Bella Pizza & Pasta, Федератсияи миллии клубҳои UNESCO-и Тоҷикистон ва шабакаи байналмилалии мактабҳои робототехника - Лигаи Роботҳо, озмуни расмҳои кӯдаконаро дар мавзӯи "Ҳуҷраи кӯдаконаи орзуи ман" гузарониданд.
Дар озмун кӯдакони синнашон аз 7 то 11 сола иштирок карданд. Маросими ҷоизадиҳӣ 6 март дар МРК Аладдин баргузор шуд. Озмун дар 2 марҳила гузашт:
Марҳилаи I – раъйдиҳии online дар албом дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Facebook корҳои иштирокчиён скан ва боргузорӣ карда шуданд ва раванди ҷамъоварии лайкҳо оғоз гардид. Аз рӯи натиҷаҳои раъйдиҳии online ҷоизаи мухлисон аз платформаи Хонаи Нав - маҷмӯи асбоби расмкашӣ ва сертификати МРК Аладдин ба маблағи 200 сомонӣ ба Қаландарбекова Меҳрона дода шуд.
Марҳилаи II – ҳакамони мустақил дар симои: оҳангсоз, омӯзгори консерваторияи миллии Тоҷикистон - Ҷасур Халилов; рассом ва омӯзгори донишкадаи санъат Суюнов Эркин ва Котиби генералии Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон Давлятбекова Зумрат аз шумораи умумии корҳо 38-тои босифатро интихоб карданд, ки дар байни онҳо 3 кори беҳтарин барои ҷоизадиҳӣ бо тӯҳфаву ҷоизаҳои хотиравӣ буданд.
Гран-при ҷои 1 - сертификати IZZI DESS барои дизайни ройгони ҳуҷраи кӯдаконаи орзу ба замми сертификати МРК Аладдин ба маблағи 500 сомониро Бобоҷонова Нигора, хонандаи синфи 3-и МТХ Империяи Дониш гирифт.
Ҷои 2 - сертификат барои гузаштани курси ройгони 6-моҳаи арифметикаи ментолӣ аз Академияи таҳсилоти STEEM "Империяи Дониш" бо сертификати МРК Аладдин ба маблағи 400 сомонӣ - Даронҷонзода Ясмина.
Ҷои 3 - сертификати тахфифи 100% барои гузаштани курси якмоҳаи робототехника ва барномасозӣ аз Лигаи Роботҳо Душанбе ба замми сертификати 300 сомонии МРК Аладдин - Шарапов Юсуф.
Ҳамчунин 3 иштирокчӣ маҷмӯи маводи қиртосиро аз Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон гирифтанд
Боқимондаи иштирокчиён бо дипломҳои хотиравӣ ва сертификатҳои шарикони мо мукофотонида шуданд – барои як моҳ таҳсили ройгони курси арифметикаи ментолӣ аз Империяи дониш ва сертификатҳои тахфифи 75 ва 50% барои таҳсили курсҳои робототехника ва барномасозӣ аз Лигаи роботҳои Душанбе.
Кумитаи ташкилӣ ба шарикони иттилоотӣ ва сарпарастон барои кӯмак ва дастгирӣ дар ташкили гузаронидани озмун изҳори сипос мекунад: Медиаширкати «Вечёрка», гурӯҳи ширкатҳои FoodMaster, Академияи таҳсилоти STEEM "Империяи Дониш", Питсерияи Bella Pizza & Pasta, Лигаи Роботҳо Душанбе, Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон, Роҳнамои муассисаҳои Душанбе Menu.tj