
khonainav.com - экосистемаи рақамӣ барои девелоперҳои Тоҷикистон, имкон медиҳад, ки шуъбаи фурӯш, ҳамчунин шуъбаи маркетинги аутсорсии Шумо ба таври назаррас сабук карда шавад.
Дар давраи #Covid19 платформаи мо ба одамоне, ки дар ҷустуҷӯи манзил буданд, имкон дод, ки нақшаи лозимаро аз 6 объекти дар шаҳри Душанбе ҷойгиршуда, аз рӯи макон ва дигар параметрҳои маҷмааи истиқоматӣ бе тарк кардани хона ва ҷои кории худ интихоб кунанд. Одамон оид ба интихоби масоҳат, нақша, ба ҳавлӣ ё кӯчаи марказӣ нигаронида шудани тирезаҳо, ошёнадорӣ муайян мешуданд ва бо телефони шуъбаҳои фурӯши шарикони мо аз ҷумлаи ширкатҳои сохтмонии #ЭлитСтройСервис #СтройЦентр #СКАвиценна #GlobalGroup вақту рӯзи барои худ муносибро таъин карда, аллакай якчанд муомилаи харидуфурӯши манзилро анҷом доданд.
Шарикони мо харидорони худро аз ҷумлаи корбарони платформаи мо ёфтанд, корбарон бошанд он чиро, ки ба дилашон писанд омад, аз ҷумлаи пешниҳодҳои дар сайт ҷойгиршуда ва бо нархҳои судманд аз дасти аввал аз сохтмончиёни боэътимоди Тоҷикистон пайдо карданд.
Агар дар байни шиносу дӯстони Шумо одамоне бошанд, ки бо сохтмони манзили тиҷоратӣ машғуланд, метавонед бо итминон лоиҳаи Хонаи Нав-ро тавсия диҳед.
Рубрикаи "Сервис" - ҷое, ки истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони молҳо ва хидматҳои марбут ба сохтмон ва дизайн метавонанд ҷойгир шаванд.
Аз ҳамкорӣ шод хоҳем шуд!