
Маъмурияти портали Хонаи Нав, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни касбӣ табрик мегӯянд.
Шумо – миёнарави харидуфурӯш,
Амволи ғайриманқули тамоми кишвари мо,
Ва одамон ҳар чӣ хам печу тоб созанд ҳам,
Бахт ҳамеша дар тарафи Шумо бод.
Ва ҳар қадар, ки то ҳол фурӯхта бошед,
Орзу мекунам, ки садҳо баробар зиёдтар фурӯшед,
Бо рӯзи риэлтор Шуморо табрик мегӯям,
Ва бигзор рақибони Шумо сахт ба ларза афтанд.
Дӯстон ва Ҳамкорони муҳтарам!
Аз фурсат истифода бурда Шуморо даъват мекунем, ки барои баланд бардоштани сифати хидматҳои пешниҳодшаванда, баланд бардоштани мақоми риэлтор, стандартизатсия ва рушди бозор ба сафи ассотсиатсия дохил шавед. Ва ба Шумо хабар медиҳем, ки 02 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе бақайдгирии давлатии Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон ба амал омад!
Аз ҷониби муассисон муайян карда шуд, ки Ассотсиатсия бо мақсади ҳифз, дастгирӣ ва рушди фаъолияти Риэлторҳои хусусӣ ва Агентиҳои амволи ғайриманқул, Бонкҳо, ТДХ, ТҚФ, Порталҳои иттилоотӣ ва сайтҳои амволи ғайриманқул, Ширкатҳои идоракунанда, Шӯъбаҳои фурӯши ширкатҳои сохтмонӣ, Агентиҳои таблиғотӣ, Операторони амволи ғайриманқул ва дигар шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки фаъолияти худро дар соҳаи амволи ғайриманқул анҷом медиҳанд, дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Ҳамчунин ҳифз ва дастгирии манфиатҳои соҳибони амволи ғайриманқул, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратии худро дар соҳаи харидуфурӯш, иҷорадиҳию иҷорагирӣ, кредитдиҳии ипотекӣ ба ҳама гуна объектҳои амволи ғайриманқул, аз ҷумла: манзилҳо, хонаҳо, котеҷҳо, биноҳои савдо ва маъмурӣ, таҳхонаҳо ва таваққуфгоҳҳои автомобилӣ, пойгоҳҳои истеҳсолӣ ва объектҳои саноатӣ, минтақаҳои истироҳат, қитъаҳои замин ва дигар объектҳои амволи ғайриманқул анҷом медиҳанд.
Аз ҷониби муассисони Ассотсиатсияи таъсисёфтаи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон тасдиқ карда шуд:
1. Имконияти иштироки ҳама гуна шахсони ҳуқуқии манфиатдори ҳамаи шаклҳои моликият, ҳамчунин шахсони воқеӣ, ки соҳибони амволи ғайриманқуланд ё фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратии худро дар соҳаи харидуфурӯш, иҷорадиҳию иҷорагирӣ, кредитдиҳии ипотекӣ ба ҳама гуна объектҳои амволи ғайриманқул анҷом медиҳанд, баромадан (аз рӯи хоҳиш):
• ҳамчун Муассисон;
• ҳамчун Иштирокчиён;
• ҳамчун Шарикон;
дар Ассотсиатсияи таъсисёфтаи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон.
2. Ҳайати Раёсати Ассотсиатсия дар ҳайати 13 (Сенздаҳ) аъзо, аз ҷумла аз 1 (як) намоянда аз вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бо додани ваколатҳои дахлдор ба онҳо.
3. Интихоби роҳбарони Раёсати Ассотсиатсия, аз ҷумла:
• ҳамчун Раиси Раёсати Ассотсиатсия – Раҷабова Дилафрӯз;
• ҳамчун Муовини якуми Раиси Раёсати Ассотсиатсия – Келдиев Фарҳод;
• ҳамчун Муовини Раиси Раёсати Ассотсиатсия – Ҳамроқулов Анвар;
• ҳамчун Муовини Раиси Раёсати Ассотсиатсия – Ҳамдамова Шаҳноза;
• ҳамчун Муовини Раиси Раёсати Ассотсиатсия – Мустафоқулов Шавкат.
4. Таъини Кутбиддин Пулатов ҳамчун Директори иҷроияи Ассотсиатсия.
5. Таъсиси назди Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон – Мактаби миллии риэлторҳо.
6. Таъсиси назди Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон – Маркази ҳифзи ҳуқуқи соҳибони амволи ғайриманқул.
7. Таъсиси назди Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон – Маркази дастгирии ҳуқуқии Ширкатҳои соҳибони манзил.
8. Узвият, Иштирок ва Шарикӣ дар Ассотсиатсияи таъсисёфтаи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқул ба таври РОЙГОН (бепул) бидуни рӯёнидани ягон маблағ амалӣ карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ дар бораи таъсис, ҳадафҳо ва вазифаҳои Ассотсиатсияи таъсисёфта бо дархости Шумо ба WhatsApp ё Telegram, бо рақамҳои +992552236666 фиристода мешавад,
ё аз ҷониби Директори иҷроияи Ассотсиатсияи риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон – Кутбиддин Пулатов бо телефонҳои 227-94-94, 221-94-94, (98) 610-06-06 пешниҳод мешавад;
Ё дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Facebook Ассотсиатсияи миллии риэлторҳо ва соҳибмулкони амволи ғайриманқули Тоҷикистон