
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, зиёда аз 1 миллиард нафар дар рӯи замин бехонумон ҳисобида мешаванд ва зиёда аз 100 миллион нафар дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки онро барои истиқомат қобили қабул номидан душвор аст.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҳолатҳои зиёди кӯчонидани одамон сабт шудаанд. Мутахассисон бар онанд, ки бисёр касон ҳатто намедонанд, ки дар сурати зарурат соҳибони манзил метавонанд ҷуброн талаб кунанд.
Ба гуфтаи намояндагони СҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», шаҳрвандон бо асосҳои қонунӣ ҳуқуқ ба ҷуброн барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шаҳрвандон доранд.
Дар сурати вайрон кардани хонаи истиқоматӣ дар робита бо гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ба соҳиби ин манзили вайроншаванда аз ҷониби он субъекти шаҳрсозӣ, ки вайронкунӣ мекунад, ҷуброн дода мешавад.
Мутобиқи талаботи моддаи 263 Кодекси граждании ҶТ, қатъ гардидани ҳуқуқи моликият ба манзил дар робита бо қарори мақоми давлатӣ, ки бевосита ба гирифтани амвол аз соҳиб равона нашудааст, аз ҷумла қарор оид ба гирифтани қитъаи замине, ки дар он хона, дигар иморатҳо, иншоот ё ниҳолҳои ба соҳиб тааллуқдошта ҷойгиранд, танҳо дар ҳолатҳо ва тартиботе, ки бо санадҳои қонунгузорӣ муқаррар шудаанд, бо пешниҳоди ба соҳиб амволи баробарарзиш ва ҷуброни дигар зарарҳои расонидашуда ё ҷуброни пурраи зарарҳое, ки бо қатъ гардидани ҳуқуқи моликият расонида шудаанд, иҷозат дода мешавад.
Дар Тоҷикистон кафолатҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқи манзилии соҳибон амал мекунанд, аммо бисёр касон дар бораи онҳо намедонанд.
Масалан, қонунҳои амалкунанда дар сатҳи миллӣ:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 22, 32 ва 36)
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон; (м.11; 259 ва 263)
Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кодекси мурофиавии судии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (м. 28; 29)
Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Моддаҳои 118 ва 154)
Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (м.9; 27 ва 85)
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қ. 4 м. 2 (2); 19; 37 (г); 38; 40 ва 41)
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (м. 147; 247; 314 ва 316)
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»;
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»;
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
4. Дастурамал «Дар бораи тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқии ҳуҷраи истиқоматӣ, бино, иншоот ва дигар объектҳо дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо, деҳаҳо ва шаҳракҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Кортҳои моро бинед, ки дар кадом ҳолатҳо шуморо кӯчонида метавонанд ва дар кадом ҳолатҳо не:






