Дар Тоҷикистон соли 2020 ба сохтмон беш аз $1,1 млрд сармоя равона шудааст

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба сохтмон беш аз $1,1 млрд сармоя равона шудааст

Соли 2020 дар Тоҷикистон тақрибан 1,4 миллион метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ин аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳамчунин соли гузашта мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ барои 13,5 ҳазор ҷойи нишасти хонандагон, поликлиникаҳо - барои 436 ташриф ва беморхонаҳо – барои 577 кат ба кор даромаданд.

Дар маҷмӯъ ба корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар соли гузашта сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 11,6 миллиард сомонӣ (зиёда аз 1,1 миллиард доллар бо қурби миёнаи соли 2020) равона карда шуд.

Барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ соли гузашта 658 лоиҳа пешниҳод гардид, ки аз онҳо 538-то аз экспертиза гузаштанд, 115-то – дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, 3-то – бекор карда шуданд ва баррасии 2 лоиҳа муваққатан боздошта шуд.

То ҳол таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шудааст, ки аллакай бо қарорҳои ҳукумат қабул гардидаанд.

Манбаъ: ASIA-Plus

Бозбинҳо: 1426
Мақола ба шумо писанд омад?