Диққат, озмун — Ҳуҷраи кӯдаконаи орзуи ман!

Диққат, озмун — Ҳуҷраи кӯдаконаи орзуи ман!

Студияи дизайни меъморӣ ва дизайни интерьери IZZI.DESS якҷоя бо платформаи ҷустуҷӯи манзил дар биноҳои навсохти Душанбе Хонаи Нав бо дастгирии гурӯҳи ширкатҳои FoodMaster, Академияи таҳсилоти STEEM «Империяи Дониш», Питсерияи Bella Pizza & Pasta ва шабакаи байналмилалии мактабҳои робототехника - Лигаи Роботҳои Душанбе, озмуни расмҳои кӯдаконаро дар мавзӯи "Ҳуҷраи кӯдаконаи орзуи ман" эълон мекунанд.

Ба иштирок кӯдакони 7-11 сола даъват карда мешаванд, ки лоиҳаро дар коғази андозаи А4 тасвир мекунанд, бо ранг ё қалам фарқ надорад, лозим аст онро ба кумитаи ташкилӣ тавассути ёрдамчиён - волидайн супоранд. Аз ҳар кӯдак 1 кор.

Озмун дар ду марҳила гузаронида мешавад:

Марҳилаи I – раъйдиҳии online дар албоме, ки корҳои иштирокчиён ба он скан, илова ва имзо карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои раъйдиҳии online ҷоизаи мухлисон аз платформаи Хонаи Нав ва сертификати МРК Аладдин ба маблағи 200 сомонӣ ба коре, ки максимуми лайк ҷамъ мекунад, дода мешавад.

Марҳилаи II - кумитаи ташкилӣ аз шумораи умумии корҳо 35-тои беҳтаринро интихоб мекунад ва ба арзёбии ҳакамони мустақил аз ҷумлаи арбобони ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО ва аҳли санъат месупорад, ки 3 кори беҳтаринро интихоб мекунанд. Боқимондаи иштирокчиён аз ин шумора сертификатҳои шарикони моро – Империяи дониш ва Лигаи роботҳо мегиранд.

Гран-при барои ҷои 1 - сертификати IZZI DESS барои дизайни ройгони ҳуҷраи кӯдаконаи орзу ба замми сертификати МРК Аладдин ба маблағи 500 сомонӣ.

Ҷои 2 Академияи таҳсилоти STEEM "Империяи Дониш" - сертификат барои гузаштани курси ройгони 6-моҳаи арифметикаи ментолӣ бо сертификати МРК Аладдин ба маблағи 400 сомонӣ

Ҷои 3 Лигаи Роботҳои Душанбе - сертификати тахфифи 100% барои гузаштани курси якмоҳаи робототехника ва барномасозӣ ба замми сертификати 300 сомонии МРК Аладдин.

Шарикони иттилоотӣ: Медиаширкати «Вечёрка», Питсерияи Bella Pizza & Pasta, Роҳнамои муассисаҳои Душанбе Menu.tj ва канали рекрутингии Tajwork

Корҳои иҷрошударо аз тарафи ақиб бо формати зерин имзо кунед: Насаб ва Номи иштирокчӣ, синну сол, рақами тамоси волидайн.

Корҳоро метавонед бо суроғаҳои зерин оваред ва супоред: кӯчаи Айнӣ 16 Б, экрани кабуд, бинои Баракат Плаза, даромадгоҳи паҳлуӣ аз тарафи маркази патентӣ, ошёнаи 5-ум аз соати 10-00 то 17-00 (аз душанбе то ҷумъа), рақами тамос барои алоқа 985241042 ё дар Питсерияи Bella Pizza бо қайди "ба озмун", ҳаррӯза аз соати 11-00 то 23-00 бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 55

Мӯҳлати қабули корҳо 20 феврал.

Ҷоизадиҳӣ 6 март дар МРК Аладдин бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 92 соати 13-00 баргузор мегардад.

Эълонҳо оид ба ҷараёни озмунро бо истиноди чорабинии «Ҳуҷраи кӯдаконаи орзуи ман» пайгирӣ кардан мумкин аст

Бозбинҳо: 1784
Мақола ба шумо писанд омад?