Дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқ ба манзил таҳқиқ шуд

Дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқ ба манзил таҳқиқ шуд

Дар Тоҷикистон таҳқиқоти вазъият бо ҳуқуқ ба манзили басанда ҳангоми кӯчонидани/маҷбуран кӯчонидани одамон дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID – 19 гузаронида шуд.

Таҳқиқот аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» гузаронида шуда, давраи аз 30 марти соли 2020 то 11 октябри соли 2021-ро дар бар мегирад.

Муаллифони таҳқиқот қайд мекунанд, ки барои гузаронидани пурсиш саволномаҳои махсус барои аҳолӣ ва адвокатон/ҳуқуқшиносон таҳия шуданд. Саволномаҳо саволҳои умумӣ ва саволҳо аз рӯи меъёрҳои алоҳида ҳангоми кӯчонидани/маҷбуран кӯчониданро дар бар мегиранд.

Дар маҷмӯъ бо пурсиш 184 респондент фаро гирифта шуд, ки аз онҳо 136 нафар аз ҷумлаи аҳолӣ ва 48 нафар – адвокатон, ҳуқуқшиносони созмонҳо ва қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ буданд. Синни адвокатон-респондентҳо ба ҳисоби миёна 30-45 солро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки одамон бештар бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ба монанди кӯчонидан аз ҳуҷраи истиқоматӣ, сохтмони худсарона ё вақте ки хонаҳои истиқоматии онҳо дар робита бо амалӣ гардидани Нақшаи генералӣ ба вайронкунӣ дучор мешуданд.

Респондентҳо дар шарҳҳои худ қайд карданд, ки оид ба масъалаи поймол шудани ҳуқуқи манзилии шаҳрвандон, ки бо гирифтани заминҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ алоқаманд аст, зарурати тағйир додани қонунгузорӣ ба самти зиёд кардани кафолатҳо вуҷуд дорад.

Адвокатон ва ҳуқуқшиносони пурсидашуда хоҳиш баён карданд, ки дар семинарҳои таълимӣ оид ба масъалаи вайрон кардани манзил ва пешниҳоди ҷуброн иштирок намоянд.

Вечёрка

Бозбинҳо: 1257
Мақола ба шумо писанд омад?