Ҳама дар бораи сохтмонҳои мо: меъморон ба рӯзноманигорон ҳисобот доданд

Ҳама дар бораи сохтмонҳои мо: меъморон ба рӯзноманигорон ҳисобот доданд

Соли 2021 дар Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1 миллиону 430 ҳазору 300 метри мураббаъ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора ва дигар хабарҳои сохтмонӣ дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

Хонаи нависандагон

Ба соҳибони «Хонаи нависандагон» дар маркази шаҳри Душанбе, ки ба вайронкунӣ дучор аст, ҷуброн ва манзил пешниҳод мекунанд. 

Ба гуфтаи Зувайдзода, вайрон кардани ин хона мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.  Ҳамаи хонаҳои истиқоматие, ки дар наздикии боғи «Истиқлолият» ва маҷмааи «Истиқлолу Озодӣ» дар маркази шаҳр ҷойгиранд, вайрон карда мешаванд.

«Қарори ниҳоӣ оид ба вайрон кардани хонаҳо қабул шудааст ва ин лоиҳа дар марҳилаи амалӣ гардидан қарор дорад. Дар ҷои объектҳои вайроншаванда хонаҳои муосири   баланди бисёрошёна, инфрасохтори роҳ, фаввораҳо сохта мешаванд», – қайд кард раиси Кумита.

Ба гуфтаи Зувайдзода, ба соҳибони ин хонаҳо манзилҳо, аз ҷумла дар мавзеи Зарафшон, ё ҷуброни пулӣ аз рӯи интихоби онҳо пешниҳод мешавад.

Дар бораи маҷмааи «Истиқлолу Озодӣ» сухан ронда, раиси Кумитаи меъморӣ хабар дод, ки ба нақша гирифта шудааст, ки объект дар соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.  Лоиҳаро ба нақша гирифта буданд, ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ (то соли 2021) амалӣ гардонанд, аммо дар расонидани таҷҳизот, аз ҷумла лифтҳо таъхир ба амал омад. Лифтҳо дар Фаронса, сангҳо (ороишӣ) бошанд дар Италия ва Туркия истеҳсол мешаванд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки баландии маҷмааи меъмории «Истиқлолу Озодӣ» 121 метрро ташкил медиҳад ва дар атрофи он дар 29 гектар боғ  (Боғи) «Истиқлолият» сохта мешавад.

Боғ дар паси донишгоҳи омӯзгории пойтахт, меҳмонхонаи «Авесто» ва маҷмааи кинову консертии «Кохи Ваҳдат» паҳн мешавад. Дар боғ гулҳо, буттаҳо ва дарахтони нодир шинонда мешаванд.

Дар маҷмааи нав, мутобиқи лоиҳа, осорхона ва толор барои гузаронидани чорабиниҳо ҷойгир карда мешавад. Поёни бино пирамидаи ҳаштгӯша мебошад, ки аз 7 даромадгоҳи асосӣ иборат аст.

Маҷмааи парлумонӣ

Сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе моҳи октябри соли оянда ба анҷом мерасад. 

Ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, сохтмони объектҳои зикршуда мутобиқи ҷадвал идома дорад ва ба истифода додани онҳо моҳи октябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти идора, бинои ояндаи маҷмааи парлумонии Тоҷикистон дар ҳудуди зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ, бинои ҳукумат – дар ҳудуди 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд мегардад. Лоиҳаҳо аз ҷониби ширкатҳои чинӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон масолеҳ ва техникаи ба кишвар воридшавандаро, ки барои сохтмони ин объектҳо пешбинӣ шудаанд, аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.

Тибқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мутобиқи меморандум, Чин барои сохтмони ин объектҳо тақрибан 1,5 миллиард юан ҷудо мекунад.

Бек Сабур дар рӯйхати сиёҳ

Ширкати сохтмонии «Комил — 2010», ки ба сардори Хадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур мансуб аст, то ҳол се «объекти мушкилотдори» худро насупоридааст, хабар дод раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ.

«Айни замон  комиссия раванди ислоҳи камбудиҳоро дар объектҳо шабонарӯзӣ назорат мекунад. Дар айни ҳол ширкат ислоҳи камбудиҳоро ҳангоми сохтмони объект дар мавзеи пойтахтии Зарафшон ба анҷом расонид ва ба комиссияи давлатӣ пешниҳод кард, ки онро аз нав тафтиш кунад. Хулосаҳои ниҳоии комиссияро интизорем», — изҳор дошт Зувайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, хонаро қабул мекунанд ё не, инро комиссия ҳал мекунад.

«Ҳоло бошад ширкати сохтмонӣ ислоҳи хатогиҳоро дар дигар объектҳои мушкилотдор, ки  аз ҷониби комиссияи давлатӣ ошкор шудаанд, идома медиҳад», — қайд кард Маҳмадсаид Зувайзода.

Манбаъ: Вечерка

Бозбинҳо: 1553
Мақола ба шумо писанд омад?