
Масъалаҳои қабули объектҳои сохтмон, мӯҳлати истифодаи онҳо, тартиби вайрон кардани бино ва иншоот, ҳамчунин масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар ин соҳаро ҳуқуқшиносони СҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» шарҳ медиҳанд.
Биноҳои навсохтро барои ба истифода додани онҳо кӣ қабул мекунад?
Санади комиссияи қабули давлатӣ оид ба қабули объекти сохташуда барои ба истифода додан асос ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба ин объект мебошад. Санади комиссияи давлатӣ оид ба ба истифода додани объекти сохташуда бояд аз ҷониби мақоме, ки комиссияи қабули давлатиро таъин кардааст, дар мӯҳлатҳои зерин тасдиқ карда шавад:
- аз рӯи объектҳои таъиноти истеҳсолӣ - дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи имзои санад;
- аз рӯи объектҳои таъиноти манзилию граждании - дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи корӣ аз рӯзи имзои санад.
Муҳим: Санаи ба истифода додани объекте, ки аз ҷониби комиссияи қабули давлатӣ қабул шудааст, санаи тасдиқи санад оид ба қабули объект аз ҷониби мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, ҳисобида мешавад.

Дар кадом ҳолат соҳиб метавонад худаш объектро барои ба истифода додан қабул кунад?
Соҳиб (фармоишгар, сармоягузор ё сохтмончӣ) ҳақ дорад мустақилона қабули объектҳои зерини сохтмони анҷомёфтаро барои ба истифода додан амалӣ намояд:
- таҷдид (азнавнақшакашӣ, азнавтаҷҳизонӣ)-и ҳуҷраҳои истиқоматӣ ё ғайриистиқоматӣ, ба истиснои биноҳои бисёрхонагӣ, ки бо тағйир додани конструксияҳои бордор ва ҳудудкунанда, системаҳо ва таҷҳизоти муҳандисӣ алоқаманд нест, ҳамчунин аз нав ихтисос додан (тағйир додани таъиноти функсионалӣ)-и ҳуҷраҳо;
- иншооти муваққатӣ (биноҳо);
- иморатҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои ҳавлигии инфиродӣ, хонаҳои хусусӣ, иморатҳо дар қитъаҳои ҷамъиятҳои боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, унсурҳои ободонӣ дар ҳудуди наздихонагӣ ё қитъаҳои ҳавлигӣ (боғӣ);
- азнавнақшакашӣ (азнавтаҷҳизонӣ)-и ҳуҷраҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷуда амалӣ мешавад ва тағйир додани конструксияҳои бордорро талаб намекунад;
- шаклҳои хурди меъморӣ, майдончаҳои варзишии кушод, пиёдагардҳо, ободонӣ, фаршпӯшии ҳудуди атрофи бино (иншоот) ва иҳотакунии ҳудудҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба моликият.
Маълумотнома: Вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони объекти барои ба истифода додан қабулшаванда, комиссияи қабули давлатӣ таъин карда мешавад:
- аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо;
- аз ҷониби мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо.
Тартиби кори комиссияи қабули давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Мӯҳлати истифодаи биноҳои навсохтро кӣ муқаррар мекунад?
Объектҳои сохтмонии бунёдшуда бояд дар тӯли мӯҳлати меъёрии истифодаи он ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳифзи амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бехатарии экологӣ мувофиқ бошанд.
Мӯҳлатҳои меъёрии истифодаи объектҳои сохтмон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар карда мешаванд.
Мӯҳлати меъёрии истифодаи объекти сохтмон дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон пешбинӣ мешавад. Таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва пудратчӣ бехатарии объекти сохтмонро дар тӯли мӯҳлати меъёрии истифодаи он кафолат медиҳанд.
Оё мӯҳлати кафолатии истифодаи объект вуҷуд дорад?
Пудратчӣ имконияти истифодаи объекти сохтмонро дар тӯли мӯҳлати муқарраршудаи кафолатӣ кафолат медиҳад, агар дар шартномаи пудрати сохтмонӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Фармоишгар, соҳиби объекти сохтмон то ба охир расидани мӯҳлати кафолатӣ ӯҳдадор аст, ки муоинаи техникии объекти сохтмонро марҳила ба марҳила дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, аммо на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронад, санад тартиб диҳад ва дар санад ҳолати техникӣ ва нуқсонҳои ошкоршудаи онро инъикос намояд.
Ҳангоми зарурат фармоишгар, соҳиби объекти сохтмон ҳақ дорад барои иштирок дар муоинаи он намояндагони пудратчӣ, мақоми ваколатдори давлатии назорати шаҳрсозӣ, мақоми маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатиро ҷалб намояд.
Ҳангоми гузариши ҳуқуқи моликият (ҳуқуқи истифода) бо ташаббуси соҳиби нав (истифодабаранда) гузаронидани муоинаи техникии пеш аз мӯҳлат имконпазир аст. Талаботи бартараф кардани нуқсонҳо аз ҷониби фармоишгар, соҳиби объекти сохтмон ба пудратчӣ дар тӯли мӯҳлати кафолатӣ пешниҳод мешаванд.
Бартараф кардани нуқсонҳо аз ҷониби пудратчӣ дар мӯҳлати бо фармоишгар, соҳиби объекти сохтмон мувофиқашуда амалӣ мегардад.
Муҳим: Агар пудратчӣ аз бартараф кардани нуқсонҳо даст кашад ё мӯҳлати бартараф кардани онҳоро ба таъхир андозад, фармоишгар ҳақ дорад онро мустақилона тавассути гузаронидани маблағ барои хароҷот аз ҳисоби пудратчӣ бартараф кунад.
Андозаи маблағҳои сарфшуда, ки бо бартараф кардани нуқсонҳо алоқаманданд, дар асоси он нархҳое муайян карда мешавад, ки дар вақти иҷрои корҳои дахлдори сохтмонӣ амал мекарданд.
Ӯҳдадориҳои соҳибон ва истифодабарандагон ҳангоми истифодаи объектҳои сохтмон кадомҳоянд?
Соҳибон ва истифодабарандагони объектҳои сохтмон ӯҳдадоранд, ки объектро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таъиноти мақсаднок ва функсионалии он истифода баранд. Агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, соҳибон ва истифодабарандагони объекти сохтмон ҳангоми истифодаи он ӯҳдадоранд:
- симои меъмории объекти сохтмонро ҳифз кунанд;
- муоинаи ҳолати техникии объекти сохтмонро гузаронанд;
- объекти сохтмонро дар ҳолати дахлдори техникӣ, санитарию гигиенӣ, зиддиоташ, экологӣ ва меъморию эстетикӣ нигоҳ доранд;
- талаботро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя кунанд;
- дар тӯли тамоми мӯҳлати кафолатии истифодаи объекти сохтмон ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро нигоҳ доранд.
Муҳим: Агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, соҳиб ва истифодабарандаи объекти сохтмон ӯҳдадоранд, ки давра ба давра объекти сохтмони истифодашавандаро таъмир кунанд, талаботи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, дигар мақомоти давлатиро, ки назорати истифодаи объектҳои сохтмонро дар мӯҳлатҳои кафолатӣ амалӣ мекунанд, иҷро намоянд. Даврагии таъмири объектҳои сохтмон бо қоидаҳои истифодаи онҳо муайян карда мешавад.
Манбаъ: Asia-Plus