
Ба диққати Роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ!
Дар давраи аз 10 то 13 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ташрифи расмии Президенти Ассотсиатсияи «Иттиҳоди миллии сохтмончиён» (НОСТРОЙ)-и Федератсияи Россия ҷаноби Глушков Антон Николаевич баргузор мегардад
Дар ҷараёни ташрифи дарпешистода гузаронидани вохӯриҳо бо роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:
• Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
• Вазорати саноат ва технологияҳои нав;
• Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
• Кумитаи сохтмон ва меъморӣ;
• Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»
ҳамчунин бо роҳбарони ба ҳамкорӣ манфиатдор - роҳбарони ширкатҳои бузурги сохтмонии Тоҷикистон.
Ташриф аз ҷониби Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раиси Раёсат Музаффар Исаков, бо дастгирии Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҳти роҳбарии Кореньков Евгений Анатольевич ташкил карда мешавад.
Дар ҷараёни амалӣ гардидани ташрифи расмии Глушков А.Н., вохӯрии ӯ бо роҳбарони ширкатҳои бузурги сохтмонии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдоранд, ҳамчунин нияти амалӣ кардани фаъолияти сохтмонӣ ва савдоию иқтисодии худро дар ҳудуди Россия ва дигар кишварҳои ИДМ доранд, баргузор мегардад.
Аз онҳое, ки ба иштирок дар вохӯрӣ манфиатдоранд, хоҳиш мекунем, ки манфиатдорӣ ва иштироки худро дар Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон тавассути WhatsApp ё Telegram бо рақамҳо тасдиқ намоянд
+992 100 44-66-66;
+992 55 223-66-66;
+992 30 223-66-66;
+992 37 223-66-66.
МАЪЛУМОТНОМА:
Ассотсиатсияи «Иттиҳоди миллии сохтмончиён» (НОСТРОЙ) - Бузургтарин иттиҳоди ташкилотҳои худтанзимкунанда (СРО) дар Россия.
НОСТРОЙ зиёда аз 98 000 (Наваду ҳашт ҳазор) ширкати сохтмониро дар ҳайати 226 СРО дар 74 субъекти Федератсияи Россия, аз ҷумла Ҷумҳурии Қрим муттаҳид мекунад.
Иттиҳоди миллии сохтмончиён 10 ноябри соли 2009 бо қарори Анҷумани I-уми умумироссиягии ташкилотҳои худтанзимкунандаи сохтмонӣ (СРО) мутобиқи меъёри мустақими Кодекси шаҳрсозии Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.
Президенти НОСТРОЙ 22 апрели соли 2019 дар Анҷумани ХVII-уми умумироссиягии ташкилотҳои худтанзимкунанда дар сохтмон Антон Николаевич Глушков интихоб шуд – ба номзадии ӯ 94,4% вакилони Анҷуман бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда раъй доданд.
Президенти НОСТРОЙ мақоми иҷроияи фардии Ассотсиатсияи «Иттиҳоди миллии сохтмончиён» мебошад.
Имрӯз НОСТРОЙ яке аз майдонҳои калидии экспертӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи сохтмон мебошад.
Дар доираи кори Шӯрои техникӣ, Шӯрои экспертӣ оид ба масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва Комиссияи илмию машваратии НОСТРОЙ, ҳамчунин кумитаҳои иттиҳоди миллӣ, СРО ва ширкатҳои сохтмонӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи касбӣ қарорҳои дастаҷамъиро оид ба ислоҳот ва рушди маҷмааи сохтмонӣ таҳия мекунанд.
Аз соли 2015 НОСТРОЙ Феҳристи ягонаи аъзои СРО-ро мебарад, аз соли 2017 - Феҳристи миллии мутахассисон (ФММ).
Ба ҳолати декабри соли 2022 ба ФММ қариб 258 000 (Дусаду панҷоҳу ҳашт ҳазор) роҳбарон ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмон шомил карда шудаанд.
Бо фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия НОСТРОЙ ҳамчун ташкилкунандаи Озмуни миллии маҳорати касбии «СТРОЙМАСТЕР» ва Озмуни маҳорати касбӣ барои КИТ дар соҳаи сохтмон муайян шудааст.
Бо қарори Шӯрои миллии назди Президенти Россия оид ба тахассусҳои касбӣ аз соли 2014 ба НОСТРОЙ ваколатҳои Шӯро оид ба тахассусҳои касбӣ дар сохтмон дода шудааст ва он таҳияи стандартҳои касбиро дар соҳаи сохтмон пеш мебарад, арзёбии мустақили тахассусро аз рӯи касбҳои сохтмонӣ ташкил мекунад.
Моҳи августи соли 2020 НОСТРОЙ якҷоя бо НИУ МГСУ имтиҳони якуми арзёбии тахассуси мутахассисонро гузаронд – ин таҷриба дар тамоми кишвар миқёспазир карда шуд.
Ҳоло дар 64 субъекти Федератсияи Россия 70 Маркази арзёбии тахассус (МАТ), 142 маркази имтиҳонӣ (МИ) фаъолият мекунанд, зиёда аз 2 000 имтиҳон аз рӯи тахассусҳои коргарӣ ва муҳандисӣ гузаронида шудааст.
Бо ташаббуси НОСТРОЙ ба КШ ФР тағйирот ворид карда шуд, ки ба шарофати онҳо аз соли 2020 ширкатҳои сохтмонӣ – аъзои ташкилотҳои худтанзимкунанда метавонанд аз қарзҳо аз фондҳои ҷубронии СРО истифода баранд.
Дар баҳори соли 2022 НОСТРОЙ бо дастгирии Вазорати сохтмони Россия Каталоги ивазкунии воридотро роҳандозӣ кард – хидмати электронӣ барои интихоби тези аналогҳои масолеҳи сохтмонӣ, маснуот, таҷҳизот, мошинҳо ва механизмҳои истеҳсоли хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия ё давлатҳои дӯст.
Каталог зиёда аз 2000 ададро бо аналогҳои интихобшуда дар бар мегирад.
Имрӯз дар баррасии пешакии аризаҳои пешниҳодшуда 55 коршиноси ҷалбшаванда иштирок мекунанд – ин намояндагони ташкилотҳои сохтмонӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ мебошанд.
Дар баррасии онҳо 481 ариза оид ба пурра кардани Каталог бо аналогҳои ватании масолеҳи воридотӣ ва 32 ариза оид ба ҷустуҷӯи маҳсулоти алтернативӣ қарор дорад.
НОСТРОЙ бо супориши Вазорати сохтмони Россия ба таври доимӣ мониторинги иҷрои қонунгузории федералӣ дар соҳаи сохтмонро аз ҷониби минтақаҳои кишвар мегузаронад, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия № 1315 (бознигарии арзиши шартномаҳо барои сохтмон дар робита бо болоравии нархи масолеҳи сохтмонӣ), қарори Ҳукумати Федератсияи Россия № 331 (татбиқи ҳатмии ТИМ дар сохтмон ҳангоми бастани шартномаҳои давлатӣ ва муниципалӣ), Қонуни федералии № 494-ФЗ (амалӣ намудани механизми рушди маҷмавии ҳудудҳо).
Суроға ва телефони тамос: Федератсияи Россия, шаҳри Москва, кӯчаи Малая Грузинская, хонаи 3, +7 (495) 987-31-50