Қарздиҳии ипотекӣ дар Тоҷикистон 20% афзоиш ёфт. Тағйирот ба қонун кӯмак кард

Қарздиҳии ипотекӣ дар Тоҷикистон 20% афзоиш ёфт. Тағйирот ба қонун кӯмак кард

Онҳо ба фурӯши амволи гаравмонда аз ҷониби бонкҳо бидуни баррасии судӣ дахл доранд.

Ҳаҷми кредитдиҳии ипотекӣ дар системаи бонкии Тоҷикистон соли 2020 пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ қариб 20% афзоиш ёфт.

Дар соли гузашта ҳаҷми умумии кредитҳои ипотекии додашуда дар кишвар 102,9 миллион сомониро ташкил дод, ин ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар танзимгар қайд карданд, ки соли 2019 ташкилотҳои кредитӣ ипотекаро ба маблағи умумии 85,8 миллион сомонӣ пешниҳод карданд.

Ҳамин тариқ, андозаи маҷмӯии портфели ипотекӣ (бақияи кредитҳои амалкунандаи ипотекӣ) ба аввали соли ҷорӣ тақрибан 400 миллион сомониро ташкил дод. Ин ҳамагӣ каме зиёда аз 3,6%-и бақияи умумии ҳамаи кредитҳоро ба аввали соли 2021 (11 миллиард сомонӣ) ташкил медиҳад.

Ҳаҷми пасти кредитдиҳии ипотекиро дар БМТ бо норасоии захираҳои молиявии дарозмуддат ва нисбатан арзон, ки аз ҷониби бонкҳо ҷалб карда мешаванд, шарҳ медиҳанд.

Меъёри миёнавазни ипотека бо асъори миллӣ айни замон 22%-ро ташкил медиҳад, меъёри пасандозҳо бошад ба ҳисоби миёна 9,93% мебошад.

 

Қонун акнун чӣ мегӯяд?

Қонуни «Дар бораи ипотека» дар Тоҷикистон соли 2008 қабул шуда буд ва то аввали соли 2019 аз ҷониби бонкҳо барои харидани манзил кредитҳо ба маблағи ҳамагӣ тақрибан 210 миллион сомонӣ дода шуда буданд.

Дар бонкҳо мегуфтанд, ки намехоҳанд бо додани чунин кредитҳои дарозмуддат дар шароити норасоии маблағҳои озод таваккал кунанд ва баррасиҳои эҳтимолии судӣ вақт, қувва ва маблағи иловагӣ мегиранд.

Дар натиҷа дар охири соли 2019 ба қонуни «Дар бораи ипотека» тағйирот ворид карда шуд, ки бо оғози соли 2020 қувваи қонунӣ пайдо карданд.

Тағйирот, аз ҷумла, ба фурӯш гузоштани предмети ипотекаро ба тариқи беруназсудӣ барои напардохтан ё сари вақт напардохтани кредитро пешбинӣ мекунанд.

Ба тариқи судӣ танҳо он созишҳое баррасӣ шуда метавонанд, ки то эътибор пайдо кардани воридкунии тағйирот ба қонун баста шуда буданд.

Аммо, гаравдиҳанда ҳақ дорад ба тариқи судӣ асосҳои рӯёнидан аз предмети ипотекаро баҳс кунад ё талаб намояд, ки сабти иҷроияи нотариус беэътибор дониста шавад.

Содатар карда гӯем, пештар қонун ҳалли ҳама гуна баҳси байни бонк ва қарзгир оид ба ипотекаро танҳо ба тариқи судӣ пешбинӣ мекард, акнун бонк метавонад гарави муштариро ҳангоми напардохтани кредит ба музоядаҳо бидуни суд гузорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки қарзгир ҳақ надорад ба суд муроҷиат кунад, агар чунин ҳисобад, ки кредитор ҳуқуқҳои ӯро поймол мекунад.

Айни замон ипотекаро дар «Бонки якуми хурди маблағгузорӣ», «Спитамен банк», «Банки Эсхата», «Алиф Банк», «Банки Арванд», «Бонки Осиё», ҳамчунин дар якчанд ташкилоти маблағгузории хурд, аз ҷумла «Хумо» ва «Имон» гирифтан мумкин аст.

Дар маҷмӯъ дар системаи бонкии кишвар 69 ташкилоти кредитӣ -  18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти кредитии хурди амонатӣ, 5 ташкилоти кредитии хурд ва 27 фонди кредитии хурд кор мекунанд.

Манбаъ: Asia-Plus

Бозбинҳо: 1865
Мақола ба шумо писанд омад?