Дар Тоҷикистон раванди гирифтани иҷозатнома барои сохтмон содда карда шуд

Дар Тоҷикистон раванди гирифтани иҷозатнома барои сохтмон содда карда шуд

Ҳокимияти Тоҷикистон раванди бақайдгирии ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳуқуқ ба фаъолияти сохтмониро дар кишвар медиҳанд, содда кард.

Тибқи хабар дар сайти хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҶТ, акнун ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар сайти www.kifs.tj. ба қайд гиранд

«Ин ташаббус дар асоси нишондодҳо ва супоришҳои президенти кишвар амалӣ карда шуд, ки дар ҷаласаи  ҳукумати Тоҷикистон оид ба васеъ намудани раванди рақамикунонӣ эълон шуда буданд», - дар хабар қайд мешавад.

 

Сохта метавонанд танҳо доротарон

Қаблан ҳокимияти пойтахт қадамҳо андешиданд барои сахттар кардани талабот ба сохтмончиён бо мақсади ҳифзи манфиатҳои саҳмдорон ва соҳибон, ҳамчунин барои пешгирии кашол додани сунъии корҳои сохтмонӣ.

Тартиби нав, ки аз ҷониби Раёсати асосии меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе тасдиқ шудааст, санҷиши мавҷудияти қарзи андоз дар назди сохтмончӣ, пешниҳоди нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ ва ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳдории маблағҳо дар ҳисоби алоҳидаи бонкиро дар бар мегирад.

 

Сохтмончӣ бояд бо ҳуҷҷат мавҷудияти ҳисоби бонкиро тасдиқ кунад, ки дар он на камтар аз 20% аз арзиши умумии объекти дар ҳоли сохтшаванда нигоҳ дошта мешавад. 

 

Дар рӯйхати талабот - номаи кафолатӣ дар бораи он ки дар ҳисоби алоҳидаи бонкӣ маблағҳо ба андозаи на камтар аз 5% аз арзиши объекти сохтмон ҷойгир карда шудаанд.

Маблағҳои аз ин ҳисоб, ки то андозае бояд устувории молиявии сохтмончиёнро кафолат диҳанд, онҳо ҳуқуқи истифода надоранд.

Зиёда аз ин, кушодани ҳисоби алоҳидаи ҳисоббаробаркунӣ дар бонкҳои системасоз барои ҷамъоварии маблағҳои саҳмдорон талаб карда мешавад.

Чунин бонкҳо ҳамасола аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Айни замон ба онҳо дохил мешаванд: «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Банки Эсхата». 

 

Ширкатҳое, ки бори аввал ба сохтмон машғул мешаванд, метавонанд танҳо як бино бунёд кунанд, ба сохтмони маҷмааҳои бино бошад танҳо  «ширкатҳои таҷрибадори дорои пойгоҳи муосири моддию техникӣ (гардиши солона на камтар аз 50 миллион сомонӣ)» роҳ дода мешаванд. 

Ҳамчунин шартҳои эътироф кардани ширкати сохтмонӣ ҳамчун «мушкилотдор» муайян карда шуданд, ки оғози корҳои сохтмониро бидуни пардохтҳои ҳатмӣ, вайрон кардани меъёрҳои сохтмон, сохтмони худсаронаи ҳуҷраҳои иловагӣ ва ошёнаи ғайрилоиҳавӣ, ҳамчунин таъхири ба истифода додани объектҳои сохтмонро беш аз шаш моҳ дар бар мегиранд.

Баъзе мутахассисони мустақил талаботи нав ба сохтмончиёнро, ба ғайр аз имтиёзҳо барои ширкатҳои бузург, истиқбол карданд. 

«Шартҳои нав, ки сохтмончиён бояд риоя кунанд, дар маҷмӯъ хубанд ва кайҳо зарур буданд, зеро ба сохтмон ҳар касе, ки ҳавсала надорад, бидуни доштани пули кофӣ даст мезанад», - бар онаст иқтисодчӣ Соҳиб Назиров.

Аммо, илова кард ӯ, афзалият додан ба ширкатҳое, ки гардиши солонаи онҳо на камтар аз 50 миллион сомонӣ (4,8 миллион доллар) аст, метавонад ба монополизатсияи бозор оварда расонад, зеро чунин маблағи аз рӯи меъёрҳои тоҷик калонро ангуштшумор пардохта метавонанд. 

 

Биноҳои навсохт бошанд беш аз пеш

Дар Тоҷикистон авҷи сохтмони манзили нав идома дорад. 

Тибқи маълумоти агентии омори ҶТ, дар  соли 2022 дар Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1701,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки 119%-ро дар муқоиса бо соли гузашта ташкил медиҳад.

Он ки манзил дар бинои навсохт як қатор бартариҳои раднашавандаро дорад, шояд, аён аст.

Дар хонаи нав, муосир зиндагӣ кардан гуворотар аст: ҳавлиҳо ва даромадгоҳҳои обод, нақшаҳои санҷида, ороиши тоза, системаҳои нави коммуникатсионӣ, боэътимодӣ ва мӯҳлати дарози хидмати хона.

Аммо вақте ки дар нақшаҳо харидани манзил пайдо мешавад, боз як савол ба миён меояд: манзилро дар бинои навсохти тайёр харид ё дар ҳанӯз сохташаванда?

Манбаъ: ASIA-Plus

Бозбинҳо: 1046
Мақола ба шумо писанд омад?