
15 март, аъзои Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) лоиҳаи Кодекси нави манзили Тоҷикистонро, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олии ҶТ тасвиб шуда буд, дастгирӣ карданд.
Лоиҳаи Кодекси манзили ҶТ аз 8 боб, 18 фасл ва 141 модда иборат аст ва ҳуқуқ ба манзил, муносибатҳои ҳуқуқии манзилӣ, масъалаҳои фондҳои манзилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи сохтмони манзил, идоракунии фондҳои манзилӣ, пардохти хидматҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳоро дар соҳаи ҳуқуқи манзил танзим мекунад, хабар медиҳад СҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон».
Боби I «Муқаррароти умумӣ» 3 фасл ва 17 модда дорад, боби II «Ҳуқуқи моликият ба манзил» - 3 фасл ва 11 модда, боби III «Идоракунии фонди манзил» - 4 фасл ва 16 модда, боби IV «Манзили фонди манзилии давлатӣ» - 4 фасл ва 60 модда, боби V «Кооперативи манзилӣ» - 1 фасл ва 9 модда, боби VI «Кирояи манзил» - 1 фасл ва 16 модда, боби VII «Пардохтҳо ва имтиёзҳо дар соҳаи манзил» - 1 фасл ва 7 модда, боби VIII «Муқаррароти хотимавӣ» - 1 фасл ва 4 модда.
Бояд қайд кард, ки моддаи 4 лоиҳаи Кодекси манзили ҶТ ба мафҳумҳои асосӣ бахшида шудааст - «ҳуҷраи истиқоматӣ», «иморати истиқоматӣ», «хонаи истиқоматӣ», «хонаи бисёрхонагӣ», «манзил», «ҳуҷра», «фонди манзил», «масоҳати умумии манзил», «шиносномаи техникии иморати истиқоматӣ», «амволи умумии хонаи бисёрхонагӣ», «кирояи иҷтимоӣ», «ҳудуди наздихонагӣ», «ташкилоти идоракунанда», «ширкати соҳибони манзил» ва «кооперативи манзилӣ».
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумон пешниҳод кард, ки Кодекси нави муосири манзил таҳия карда шавад.
Пас аз сездаҳ сол лоиҳаи қонун пас аз муҳокимаҳо ниҳоят аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд.
Кодекси манзил, ки аз ҷониби палатаи болоии парлумон тасдиқ шудааст, бояд боз расмиёти имзоро аз ҷониби президенти кишвар гузарад ва пас аз нашр дар матбуоти расмӣ эътибор пайдо мекунад.
Дар бораи таърихи кори тайёрӣ ва лоиҳакашии Кодекси манзили Тоҷикистон метавонед, маводи моро хонда, маълумот гиред.
Манбаъ: Asia-Plus